eitaa logo
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
5.4هزار دنبال‌کننده
15.6هزار عکس
801 ویدیو
92 فایل
📡 روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی تنها مرجع رسمی اطلاع‌رسانی جامعةالمصطفی العالمیة پرتال رسمی المصطفی 🌐Miu.ac.ir پایگاه مرکز خبر المصطفی 🌐News.miu.ac.ir ارتباط با ما: مدیر: @alikhakriz 🌐
مشاهده در ایتا
دانلود
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹پیام رهبر انقلاب به حجاج بیت‌الله الحرام+ترجمه ▫️حضرت آیت‌الله خامنه‌ای رهبر معظم انقلاب اسلامی در
ترجمه پیام رهبر انقلاب به حجاج بیت الله الحرام Паёми оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳоҷиёни ҳаҷи ۲۰۲۴ Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим و الحمد لله ربّ العالمین و الصّلاة و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین Оҳанги дилнвози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон, маҷзуби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанавеи мардумиро падид оварда ва густараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии Исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст. Иҷтимои азим ва маносики печидаи ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад, барои мусулмон қуввати қалбу сарчашмаи итминон аст ва барои душману бадхоҳ ҳаросангез ва пурҳайбат. Ҷои тааҷҷуб нест агар душманону бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи ҳаҷро омоҷи тахрибу тардид созанд; чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фуру костан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ. Қуръон ҳаҷро мазҳари убудият ва зикру хушӯъ, мазҳари каромати яксони инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракату ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалии миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад. Тадаббур дар оёти марбут ба ҳаҷ ва тааммул дар аъмолу маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи ҳаҷ ба мо нишон медиҳад. Шумо бародару хоҳари ҳаҷгузор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқу маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали худро ба он наздику наздиктар кунед ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғотии арзишманду ҳақиқии сафари ҳаҷи шумост. Имсол масаълаи бароат барҷастатар аз гузашта аст. Фаҷоеи Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва густохии режими бераҳму мазҳари қасовату шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнӣ, ҷои ҳеҷ гуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фард ва ҳизбу давлат ва фирқаи мусулмон боқӣ нагузошта аст. Бароати имсол бояд фаротар аз мавсиму миқоти ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин, дар ҳама ҷои ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгузорон ба оҳоди мардум тасаррӣ ёбад. Ин бароат аз режими саҳюнист ва ҳомиёнаш ба хусус давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавлу амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодон танг кунад. Муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабуру мазлуми Ғазза, ки шикваи сабру муқовиматашон, ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водошта аст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд. Аз Худованд барои онон пирӯзии комилу сареъ хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам, ҳаҷи мақбул масъалат мекунам. Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақиятуллоҳ (Рӯҳӣ фидоҳу) пуштибони шумо бод. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ۴ зилҳиҷҷаи ۱۴۴۵ ҳ.қ. ۲۲ хурдоди ۱۴۰۳ ҳ.ш. 🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر |برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید 👇👇👇 🆔http://eitaa.com/newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹 پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان ▫️جامعة المصطفی به مناسبت شهادت سید مقاومت، سید حسن نصرالل
🔰 پیام تسلیت شهادت دبیرکل حزب الله لبنان به زبان Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон مِّنَ المُؤمِنِينَ رِجَالࣱ صَدَقُواْ مَا عَٰهَدُوا اللَّهَ عَلَيه فَمِنهُم مَّن قَضَىٰ نَحبَهُ وَ مِنهُم مَّن يَنتَظِرُ وَ مَا بَدَّلُواْ تَبدِيلا “Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он чи бо Худо бар он паймон бастаанд, содиқона монданд; ва аз онҳо касест, ки аҳди худро ба поён расонида [ва шаҳид шуда] аст; ва аз онҳо касест, ки дар интизор аст; ва ҳеҷ тағйире [дар паймони худ] надодаанд.” (Сураи Аҳзоб, ояти ۲۳). Хабари ҷонсӯзи шаҳодати пешвои шуҷоъ ва муъмин, муҷоҳиди солеҳу басир, сайиди муқовимат, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, қалби ҳамаи озодагону адолатхоҳон ва ба вижа дилдодагони ҷабҳаи муқовиматро ҷареҳадор сохт. Муҷоҳиди хастагинопазире, ки умри шарифи худро дар роҳи рушду пешрафти муқовимати исломӣ, мубориза бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ва пуштибонӣ аз мардуми мазлуми Фаластин ва Лубнон сарф кард ва пас аз солҳо мубориза, ба орзӯи деринаи худ расид ва ба сӯи ёрони шаҳиди худ шитофт. Меҳвари муқовимат аз рӯзи нахуст то ҳол ҳазинаҳои фаровонеро дар роҳи озодии Қудси шариф ва берун рондани ишғолгарони палид аз минтақа додааст; аммо чунин иттифоқҳои талх, натанҳо сабаби таваққуфи муҷоҳидони роҳи Худо нахоҳад шуд, балки бо кумак аз Худованди Мутаол ва дар натиҷаи хуни шаҳидони муқовимат, роҳи ин фармондеҳони бузург бо суръати бештаре то озодии Фаластин ва нобудии режими саҳюнистӣ идома хоҳад ёфт. Ҷомеат-ул-Мустафо Ал-Оламия шаҳодати ин муҷоҳиди бузургро ба пешгоҳи Имом Маҳдӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳон ва размандагони муқовимати исломӣ, миллатҳои мусулмон ба вижа миллати қаҳрамони Лубнон ва Фаластин ва хонаводаи ин шаҳиди бузург табрик ва таслият арз намуда ва бори дигар эълон медорад, ки ҷиноятҳои режими золими саҳюнистӣ ба зудӣ домангири ин режими ҷаълию сохтагӣ ва нопок мешавад ва ба иродаи Худованд ва пуштибонии ҳамаи озодагони ҷаҳон ва муҷоҳидатҳои меҳвари муқовимат ва дар раъси онҳо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ин мавҷуди палид ва хунхор нобуд хоҳад шуд. Ҷомет-ул-Мустафо Ал-Оламия ۷/۰۷/۱۴۰۳ ۲۸/۰۹/۲۰۲۴ 🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر |برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید 👇👇👇 🆔@newsmiu
روابط عمومی/مرکز خبر المصطفی
🔹پیام رهبر انقلاب اسلامی در پی شهادت مجاهد قهرمان، فرمانده «یحیی السنوار» ▫️حضرت آیت‌الله خامنه‌ای
🔰 پیام رهبر انقلاب اسلامی به زبان : Паёми имом Хоманаӣ дар пайи шаҳодати муҷоҳиди қаҳрамон ва фармондеҳ «Яҳё Синвор» Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим Миллатҳои мусулмон! Ҷавонони ғаюри минтақа! Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст. Ӯ чеҳраи дурахшони муқовимату муҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золиму мутаҷовиз истод; бо тадбиру шуҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири ҳафтуми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт ва он гоҳ бо иззату сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард. Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосибу золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодат шоистаи ӯ нест. Фиқдони ӯ барои ҷабҳаи муқовимат, албатта, дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастагоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шақоқӣ, Рентисӣ ва Исмоил Ҳания аз пешравӣ боз намонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изни Аллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд. Мо чун ҳамеша, дар канори муҷоҳидону муборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқи мин Аллоҳ ва авниҳи. Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабили Аллоҳ, табрик ва фиқдонашро таслият мегӯям. Вассалому ало ибодиллоҳис-солиҳин Сайид Алии Хоманаӣ ۲۸/۰۷/۱۴۰۳ ҳ.ш. ۱۹/۱۰/۲۰۲۴ 🌐کانال رسمی روابط عمومی و مرکز خبر |برای اطلاع از آخرین اخبار المصطفی هم اکنون عضو شوید 👇👇👇 🆔@newsmiu